- ёр
- I[يار]асоси замони ҳозира аз ёрастанII[يار]1. рафиқ, дӯст, ҷӯра: ёри озмуда, ёри ҷонӣ, ёру дӯстон, ёру бародар шудан2. маҳбуба, маъшуқа: ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем (мақ.); ёр будан а) ҳамроҳ будан; б) мувофиқ будан; розӣ (ҳамфикр, ҳамраъй) будан3. варз. ҳар як аз бозингарони як даста ё гурӯҳе дар бозии гурӯҳӣ4. ҳамдаст, ҳамкор5. ҷузъи пасини баъзе аз калимаҳои мураккаб ба маъноҳои «доранда»: давлатёр, ҳушёр; анҷомдиҳанда, ёрирасон, ёридиҳанда: (дастёр, обёр, додёр)6. ҳамнишин, мӯнис, ҳамдам
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.